Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Труха⚡️Україна
Труха⚡️Україна
Николаевский Ванёк
Николаевский Ванёк
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Труха⚡️Україна
Труха⚡️Україна
Николаевский Ванёк
Николаевский Ванёк
Азия-Плюс TJ avatar
Азия-Плюс TJ
Азия-Плюс TJ avatar
Азия-Плюс TJ
17.04.202515:40
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад

💬 Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”. Деҳқонон нигаронанд, ки онҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунанд.

💬 Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” ва напардохтани пули он дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад

💬 Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешавад?

💬 Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд

💬 Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд

💬 Ду бародар ҳамзамон метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд? Оё боздошти волидайни даъватшаванда барои ҳозир нашудани ӯ ба комиссариати ҳарбӣ қонунӣ аст?

💬 Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон

💬 Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?

💬 "Усмони блогер"-ро 15 шабонарӯз ҳабс карданд

💬 Дар Бохтар дӯкон ва нуқтаҳои хидматрасониеро, ки дар роҳравҳо сохта шудаанд, вайрон мекунанд

✅Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202514:23
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад

💬 Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!

💬 Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид

💬 Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

💬 Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ

💬 Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд

💬 Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд

✅Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202511:00
⚡️Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
24.03.202507:40
⚡️Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
📿Дар моҳи Рамазон бо "Оби Зулол" меъёри обро дар ҷисм барқарор кунед ва ҳамеша саломат бошед.
21.03.202509:10
Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз! 🌸🎉

🌷Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд!

🤍Бигзор ин баҳор ба хонадонатон файзу баракат, сулҳу осоиш ва рӯзгори обод оварад. Ҳар рӯзи шумо мисли Наврӯз пурнур ва саршор аз меҳру муҳаббат бошад!
__


🌷Медиа-группа «Азия-Плюс» от всей души поздравляет вас с прекрасным праздником весны и обновления – Наврузом!

🤍Пусть каждый день будет наполнен светом, добротой и гармонией, а ваши мечты сбываются так же, как расцветает природа в эти дни!

@radioasiaplus @asiaplus @asiaplustj
09.04.202514:59
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?

💬 Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст

💬 Оё корманди милитсия ҳуқуқ дорад телефони шуморо тафтиш кунад?

💬 “Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?

💬 Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?

💬БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад

💬 "Сомон Эйр" парвозҳои мунтазам ба Красноярскро аз сар мегирад

✅Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202512:54
❗️Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
24.03.202510:40
#СОҲИБҶАШН

♦️Соли 1999 – Зодрӯзи Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори овозадори тоҷик, ббарандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Порис (2024).


Сомон Маҳмадбеков дар оилаи паҳлавонон- Маҳмадбековҳо ба воя расидааст. Ӯ дар вазни то 81 кг дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок мекунад. Аз ҷумла, соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ медали тилло ба даст овард. Ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2024 дар Париж ва дар Чемпионати ҷаҳон дар соли 2024 медали биринҷиро соҳиб гардидааст.

Сомон Маҳмадбеков иштирокдори мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, миёни тоҷикон аввалин варзишкорест, ки аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар моҳи октябри соли 2017 (шаҳри Загреби Хорватия) нишони биринҷиро ба даст овард.

Ҳамзамон, Сомон нахустин Қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш нишони тилоро ба гардан овехт. Моҳи августи соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни мардон (Токио-2019) ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5-ум шуд. 23-ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи «Тоскулоҳи бузурги Осака-2019» (Osaka Grand Slam-2019) сазовори мақоми сеюм гардид.

Баҳори соли 2024 дар чемпионати ҷаҳонии пеш аз бозиҳои олимпӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай дар мубориза барои чои сеюм харифаш аз Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро маглуб кард.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис дар мубориза барои ҷойи севум бар Антонио Эспозито аз итолиёвӣ пирӯз шуда, медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ чанд маротиба, аз ҷумла соли 2024 ҳамчун варзишгари соли Тоҷикистон эълон шудааст.

♦️Соли 1956 – Зодрӯзи Султоналӣ Худойбердиев, муҳаққиқи соҳаи санъатшиносӣ, мусиқишинос-этнографи тоҷик.

Султоналӣ Худойбердиев соли 1985 шуъбаи иҷрокунандагии анъанавӣ (дутор)-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Аз ибтидо фаъолияти эҷодиро бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии вобаста ба омӯзиш, ҳифз ва рушди мусиқии суннатии классикии “Шашмақом” пайванд додааст. Солҳо дар ин донишкада, дар Академияи мусиқии Тоҷикистон, Институти таҳқиқотии Осиёи Марказии Франсия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият кардааст.

Аз соли 2001 директори Маркази фарҳанги мусиқии тоҷик “Ҳунар” дар шаҳри Хуҷанд буда, солҳои 2014 - 2016 ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов буд.

Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202507:05
⚡️Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
21.03.202513:02
⚡️Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
21.03.202508:46
❓Кадом тарофаҳо соли равон барои кашонидани партов дар Душанбе амал мекунад?

🗑️Арзиши баровардани партов аз Душанбе моҳона аз 3,2 то 4,7 сомонӣ барои як шахс аст. Инҷо иловатан минтақаи зисти сокинон ва намуди хонаву ҳавлиҳо ҳам ба инобат гирифта мешавад.

Бояд гуфт, пули партов сари ҳар нафар ҳисоб мешавад. Сину сол муҳим нест. Яъне, барои ҳар нафаре, ки дар хона зиндагӣ мекунад, пули партов пардохт бояд кард.

Боз савол доред? Ба мо нависед!

#пурсидедҷавобмедиҳем
__

Таблиғ: Оби функсионалии “Obi Zulol RELAX” — маҳз он чизест, ки барои мутобиқат лозим аст. Бӯйи форами лаванда ва ванил нигарониро аз байн бурда, оромиву осудагӣ мебахшад.
25.03.202514:17
🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст

💬 Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон

💬 Тими миллӣ марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо пирӯзӣ оғоз кард

💬 Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

💬 Сармураббии тими миллӣ барои бохт аз Белорус аз мухлисон узр пурсид.

💬 Дар Душанбе як мард бо қасди худкушӣ аз болои пули маҳаллаи 46-ум худро партофтааст

💬 Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон

✅Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202512:10
‼️Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
24.03.202509:47
❗️Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
24.03.202503:59
☀️Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
‼️Дар Русия бе "патент" кор кардан имконпазир шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кардааст, ки бар асоси он муҳоҷирон дар ин кишвар бидуни “патент” кор карда метавонанд, хабар медиҳад “Газета.ру”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин қонун, ки дирӯз, 20-уми март ба имзо расид, ҳоло дар махзани расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Русия ҷойгир шудааст.

Аммо кор кардан бе “патент” дар асоси фармони Путин чанд шарт дорад. Ин шартҳо иборат аз онанд, ки муҳоҷирон бояд аз ташхиси изи ангушт, муоинаи тиббии маводи мухаддир ва бемориҳои хатарноки сироятӣ гузаранд.

Яке аз бемориҳое, ки махсусан дар фармон ишора мешавад, Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мебошад.

✅Бо 😍 бошед: Telegram
‼️200 касро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод карданд

Онҳо имрӯз, 21-уми март асосан аз зиндонҳои шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон озод шудаанд.


Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки аз ин шумора 53 нафар занон ва 147 каси дигар мард ҳастанд. Дар миёни озодшудагон 27 нафар ноболиғ ҳам будаанд.

Аз ҷумла:

🔻аз Муассисаи ислоҳии 3/6 (низоми умумии ноҳияи Ёвон) 98 нафар;

🔻аз Муассисаи ислоҳии 3/4 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 22 нафар;

🔻аз Муассисаи ислоҳии 3/8 (занона дар шаҳри Норак) 53 нафар;

🔻 аз Муассисаи тарбиявии 3/12 (ноболиғон) 27 нафар.

Номи зиндониҳое, ки раҳо шудаанд, маълум нест.

Ба навиштаи манбаъ, аз Муассисаи ислоҳии 3/4-Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчунин 237 зиндонӣ марҳила ба марҳила озод мегарданд.

Онҳо бар асоси фармоне, ки рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, озод гардиданд.

Тибқи ин фармон, 897 зиндонӣ, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна ва вазнин ҳабс шудаанд, аз зиндон озод мешаванд.

✅Бо 😍 бошед: Telegram
📿Ифтор бо RC Cola болазаттар аст! Ин нӯшокӣ ба шумо қувва мебахшад.
⚡️Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи бахшиши 238 ҳазор сомонӣ қарзи “Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон” қарор ба имзо расонидааст.


Дар қарор омадааст, ин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои то 1 октябри соли 2024 ҷамъшуда ба вуҷуд омада буд. Аз ҷумла 16 ҳазору 678 сомонии он аз ҳисоби андозҳо буда, 221 ҳазору 569 сомонӣ аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо будааст.

Моҳи октябри соли гузашта низ ҳукумат беш аз 33 миллион қарзи як қатор корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ)-ро, ки корхонаи фаръии КВД “Ангишти тоҷик” мебошад, бахшида буд.

Пештар аз ин беш аз 43 миллион қарзи андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва 134 миллион сомонӣ қарзи андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд.

Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.


Ёдрас мешавем, ки Ҳукумат ҳанӯз аввали соли 2019 бо қабули қарор ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандозӣ кунанд. Аз ҳамон замон аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози корхонаҳои давлатӣ таҷрибаи маъмулӣ шуд.

Аммо коршиносон инро бар зарари иқтисоди кишвар медонанд ва таъкид мекунанд, ки пешниҳоди интихобии имтиёз паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.

Бо 😍 бошед: Telegram
24.03.202508:12
❗️Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
🌺 Вазъи обу ҳаво барои 24 март тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ

⛅️Дар шаҳри Бохтар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво +21...+23°C

⛅️Дар шаҳри Хоруғ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорати ҳаво +11...+13°C

⛅️Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорати ҳаво +16...+18°C

⛅️Дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва жола меборад, раъду барқ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +13...+18°C, дар ноҳияҳои кӯҳӣ +10...+15°C
---------
💫Vegapharm
🚫Сафорат аз тоҷикони Туркия хост дар эътирозҳо ширкат накунанд

Дар пайи рӯйдодҳои рӯзҳои охир дар Туркия мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрванде, ки дар ин кишвар қарор доранд, талаб кард, ки дар эътирозҳои оммавӣ ширкат накунанд.


Сафорати Тоҷикистон дар Анқара шоми 20-уми март бо нашри як муроҷиатнома гуфт, дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои +90 554 139 9791 ва +90 538 525 4777 ба онҳо муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки пас аз боздошти Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбул ҳазорон нафар барои раҳоии ӯ дар хиёбонҳои шаҳрҳои гуногуни Туркия ба эътироз омадаанд.

Ба гузориши расонаҳо, Оқои Имомуғлу, ки рақиби асосии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфта мешавад, рӯзи 19-уми март ба иттиҳоми "фасод" ва "кумак ба як созмони террористӣ" боздошт шудааст. Ҳамроҳ бо Акрам Имомоғлу даҳҳо рӯзноманигору сиёсатмадор ва соҳибкорони Туркия, ки аз ӯ тарафдорӣ мекарданд, дастгир гардиданд.

Ӯ дар замоне боздошт шуд, ки қарор буд чанд рӯз баъд номзадии худро ба интихоботи раёсатҷумҳурии Туркия дар соли 2028 пешбарӣ кунад.

Расонаҳо навиштаанд, бо вуҷуди он ки мақомот дар Туркия ба муддати чаҳор рӯз баргузории ҳар гуна тазоҳуротеро мамнуъ кардаанд, аммо эътирозгарон дуввумин рӯз пайи ҳам ба эътироз баромадаанд. Даҳҳо нафар ҳам дар пайи ин нооромиҳо дастгир гардидаанд.

Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки ҳизби асосии мухолифи давлати Туркия дониста мешавад ва Акрам Имомоғлу ҳам узви он аст, боздошти ӯро “кудато” тавсиф кардааст.

✅Бо 😍 бошед: Telegram
💐 Имрӯз, 21-уми март пеш аз фаро расидани субҳ дар Боғи Ғалабаи шаҳр Душанбе сокинони пойтахт ва меҳмонони дохилу хориҷ ҷамъ омада, Наврӯз ва Соли нави хуршедиро таҷлил кардаанд.

📷: аз саҳифаи "Телеграм"-и Рустами Эмомалӣ

✅Бо 😍 бошед: Telegram
显示 1 - 24 31
登录以解锁更多功能。