Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Труха⚡️Україна
Труха⚡️Україна
Николаевский Ванёк
Николаевский Ванёк
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Мир сегодня с "Юрий Подоляка"
Труха⚡️Україна
Труха⚡️Україна
Николаевский Ванёк
Николаевский Ванёк
Sputnik Тоҷикистон avatar
Sputnik Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон avatar
Sputnik Тоҷикистон
05.05.202514:42
Даромади Тоҷикистон аз аксизҳо дар семоҳаи аввал 10% аз нақша бештар шудааст.

Тайи январ - апрел ҷумҳурӣ аз ин ҳисоб 351 млн сомонӣ даромад гирифт, иттилоъ дод Вазорати молияи кишвар.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
05.05.202513:05
Рӯзҳои 6 ва 7 май дар вилоятҳои Суғду Хатлон, дар Ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ омадани сел дар пайи гармои шадид аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇷🇺🇮🇷Русия барои хомӯш кардани оташ дар бандари Эрон ҳавопаймоҳо мефиристад.

Аз ҷумла ҳавопаймои амфибия Бе-200ЧС ва Ил-76 ба оташнишонҳои эронӣ кумак хоҳанд кард, иттилоъ дод Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия.

Қаблан сафорати Русия дар Эрон хабар дод, ки бо дастури Путин ҳавопаймоҳои ҳолатҳои изтирорӣ озими шаҳри Бандар Аббос мешаванд.
Аз устувории рубл то офатҳо ва зиндагии берун аз Замин: Ҳаводиси муҳими ҳафтаро дар навор бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
14.04.202512:53
💵 Қурби доллар дар бозори байнибонкии Русия то 82 рубл поин рафт.

Ин барои аввалин бор аз 19 март аст, бармеояд аз маълумоти пойгоҳи Finam.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
02.04.202504:55
КМИР Тоҷикистон ваколати аъзои нави Маҷлиси миллии кишварро тасдиқ кард.

Аз ВМКБ 5 нафар вориди палатаи болоии парлумон шуданд:

🔸Алишер Мирзонаботи 45-сола, раиси ВМКБ.

🔸Ризо Назарзодаи 37-сола, раиси шаҳри Хоруғ.

🔸Зунайда Раҷабзодаи 40-сола, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ.

🔸Анвар Иматшозодаи 47-сола, раиси ноҳияи Ишкошим.

🔸Умедҷон Носирзодаи 44-сола, раиси ноҳияи Дарвоз.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
05.05.202514:19
Даромади буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон тайи семоҳаи аввал ба 13,3 млрд сомонӣ баробар шуд.

Ин дар муқоиса бо нақшаи даромадҳои давлатӣ барои январ - апрели соли ҷорӣ 10% зиёд аст, иттилоъ дод Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Дар пойтахти Тоҷикистон мусобиқоти байнулмилалии ҷудо бо шаҳомат доир гардид.

Яккачини кишвар имсол шоиста баромад карда, бо чаҳор медали тило, се нуқра ва чор биринҷӣ дар Dushanbe Grand Slam 2025 аввал шуданд.

Беҳтарин лаҳазоти чорабиниро дар навори мо бубинед.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Филми "Сарчашма"-и коргардони ҷавони тоҷик дар Фестивали XIII байналмилалии филмҳои кӯтоҳи давлатҳои ИДМ сазовори ҷоиза гашт.

Филми мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби коргардони тоҷик Пайрав Шарифов сабт шудаст. Ҷоизаро коргардони дуюми филм Одина Маҳмад гирифтааст.

Филм дар бораи пирамард, Ҳошим мебошад, ки барои пос доштани арзишҳову анъанаҳои неки аҷдодӣ талош меварзаду оилаашро қабл аз фавт муттаҳид мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
16.04.202513:12
Ҳанги ҷовидон дар Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди Ғалабаи бузург дар тамоми шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Ин нуктаро узви Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳамватанони русиягӣ, Олег Ермаков зимни ҳамоиш бахшида ба омодагиҳо ба таҷлили солгарди Ғалабаи бузург баён дошт.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
14.04.202512:33
Вазири тандурустии Русия Мурашко дар бораи идеологияи "бодипозитив"-и зиёновар гуфт.

Идеологияи "бодипозитив", ки робитаи фарбеҳӣ ва саломатиро инкор мекунад ё пайхас накарданро афзал медонад, пеш аз ҳама барои худи шаҳрвандон зараровар аст, зеро солҳои умри солимро аз байн мебарад, гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, бояд дар хотир дошт, ки "ин тоифаи беморон ба кумак ниёз доранд".

Мурашко ба наздикӣ изҳор дошт, ки маъракаи "бодипозитив" ба муносибати табибон ба мушкилоти фарбеҳӣ таъсири манфӣ расонд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
01.04.202506:57
Теъдоди қурбониени заминларза дар Мянма аз 2,7 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад Телевизиони марказии Чин
Президенти Кения Вилям Руторо ҳангоми суханронияш бо пойпӯш заданд.

Нашрияи Star менависад, ки дар он лаҳза раҳбари давлат дар бораи мушкилоти қимати зиндагӣ ҳарф мезад.

Се нафар боздошт шуда, бар асоси маводи тафтишот гуфта мешавад, ки ҳодиса аз қабл тарҳрезӣ шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
27.04.202514:57
ИМА алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ намекунад, зеро умедвор аст, ки бӯҳрони Украинаро аз тариқи дипломатӣ ҳал кунад - Рубио.

Котиби давлатии ИМА афзуд, ки дар масъалаи Украина ҳам далелҳо барои умедворӣ ҳастанду ҳам барои нигаронӣ. Вай афзуд, ки ҳафтаи наздик маълум хоҳад шуд, ки Вашингтон миёнҷигарияшро барои қатъи низоъ дар Украина идома хоҳад дод, ё аз ин кор даст мекашад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
27.04.202513:07
Санҷиш дар 111 ташкилоту муассисаи Суғд наздики 2,5 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардаст.

Дар пайи санҷишҳо дар семоҳаи аввал, аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 146 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ беш аз 1,5 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон қариби 680 ҳазор сомонӣ ошкор шудаст.

Рӯйпўш намудаи андозҳо ба маблағи 122,5 ҳазор сомониро ташкил додаст, афзуд ҳукумати Суғд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
14.04.202514:15
🏥 Мақомоти Суғд қасд доранд, ки соли ҷорӣ таъмиру сохтмони 101 муассисаи тиббӣро анҷом диҳанд.

Ба гузориши Раёстаи тандурустии вилоят, ҳол дар минтақа 5335 табиб ва 18475 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд.

Дар 3 моҳи соли равон 73 табиб ва 376 корманди миёна ба кор қабул гардиданд.

Дар умум дар сатҳи вилоят 944 муассисаҳои тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 136 муассисаҳои госпиталӣ, 808 сохтори кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарӣ фаъолият мекунанд.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
14.04.202512:12
Нахуствазири Исроил хостори ҷанг миёни ИМА ва Эрон аст, гуфт сенатори Русия Алексей Пушков.

"Дарвоқеъ танишҳо дар атрофи Эрон афзоиш меёбанд. Нетаняҳу дер боз талош мекард, ки Амрикоро ба ҷанг алайҳи Эрон водор кунад, то тавони тавлиди силоҳи ҳастаиашро аз байн барад. Чунин ба назар мерасад, ки ҳоло беш аз ҳарвақта ба дастёбӣ ба ҳадафаш наздиктар аст", - навиштааст Пушков.

Сенатор хотиррасон кард, ки дар тӯли 30 соли охир "ҳар як президенти ИМА ҷанги худро дошт".

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
ВМКБ нақшаи даъвати баҳорӣ ба артишро дар ним рӯз иҷро кард.

Ин соли ҳафтум аст, ки минтақа чунин дастовард дорад.

Сарбозгирӣ дар Тоҷикистон аз имрӯз 1 апрел расман оғоз шуда, ду моҳ идома мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
05.05.202513:33
🏭 Барои корҳои сохтмонии НБО "Роғун" боз 500 млн доллар ҷалб мешавад.

Созмонҳои байналмилалии молӣ омодагии худро барои маблағгузории нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон таъйид карданд, гузориш медиҳад Кумитаи сармоягузорӣ.
27.04.202514:39
Кишоварзони Хатлон ният доранд, соли равон ҳудуди 500 ҳазор тон пиёзи барвақтӣ ҷамъ оранд.

Минтақа бо пиёзи барвақтӣ на танҳо бозорҳои ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки ба дигар кишварҳои узви ИИАО, аз ҷумла Қазоқистону Русия содир мекунад.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Роҳбарони ниҳодҳои изтирории Тоҷикистону Қирғизистон таҳкими ҳамкориро баррасӣ карданд.

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Бообек Ажикеев ба рушди ҳамкорӣ дар пешгӯии равандҳои эҳтимолии офатҳои хатарноки табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал ва вокуниш ба таҳдидҳо ва ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд.

Зимни мулоқот миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Ёддошти муштараки ҳусни тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ дод КҲФ.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
14.04.202513:11
❌ Лоиҳаи қонун дар бораи манъи шуғли мустақилонаи муҳоҷирон ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони ташаббус, ин тадбир назоратро бар гардиши молӣ тақвият хоҳад дод.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
🇺🇿 "Ҷанг бо дурбинҳо". Як шаҳрванди 49-солаи Узбекистон дар Андиҷон бо таппончаи пневматикӣ 51 камераи назорати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва як маҷмааи радариро тирборон кардааст.

Вазорати корҳои дохилии ҶУ хабар медиҳад, ки хисороти расонидашуда камаш 1,15 млрд сӯм (11 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худраваш аз ҷониби пулис ба боздоштгоҳ фиристода шудааст.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
01.04.202505:51
🇮🇷🇺🇸 Эрон омода аст дар сурати ҳамлаи Амрико ба он силоҳи ҳастаӣ эҷод кунад.

Дар ин бора мушовири раҳбари олии кишвар Алии Лориҷонӣ дар пахши мустақими телевизиони давлатии Эрон изҳор дошт.

"Агар ИМА дар масъалаи ҳастаии Эрон хато кунад, ба ҷуз сохтани силоҳи ҳастаӣ, ба ӯ дигар чорае намегузорад, гарчанде ки худи Теҳрон борҳо изҳор доштааст, ки ин корро ба нақша нагирифтааст", – шарҳ дод ӯ.


Ҳамчунин фармондеҳи Сипоҳи посдорон Амиралӣ Ҳоҷизода хотиррасон кард, ки садҳо ҳазор низомиени ИМА дар минтақаи дастрасии мушакҳои эронӣ қарор доранд.

"ИМА дар минтақаи мо даҳҳо пойгоҳ ва 50 ҳазор сарбоз дорад. Онҳо дар як ҳуҷраи шишагӣ ҳастанд. Касе, ки дар хонаи шишагӣ зиндагӣ мекунад, набояд санг партояд", – таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, қаблан Трамп ба Эрон таҳдид карда буд, ки дар сурати даст кашидан аз созишномаи ҳастаӣ бомбаборон хоҳад кард.

Ба @Sputnik_Tajikistan обуна шавед
Shown 1 - 24 of 166
Log in to unlock more functionality.