Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Иди саиди Фитр.
Ҳамватанони азиз!
Сокинони маърифатпарвари пойтахт!
Анҷоми моҳи мубораки Рамазон ва фарорасии иди саиди Фитрро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик мегӯям.
Боиси хушбахтист, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбурди сиёсати инсондўстонаю фарҳангпарваронаи Роҳбари давлатамон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми кишвар ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ шарафёб гардид.
Ба ҳукми анъана даромадааст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон ва айёми мубораки иди Фитр бештар ба амалҳои хайр, ба монанди аёдати падару модар, беморону азодорон, кумак ба ятимону маъюбон ва оилаҳои ниёзманд, инчунин ба дигар корҳои хайру савоб машғул мешаванд.
Боиси қаноатмандист, ки сол то сол мардуми кишвари мо моҳияти қонунгузориро дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим пурратар дарк намуда, дар рӯзҳои ид ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ намедиҳанд.
Мардуми сарбаланди мо, аз ҷумла соҳибкорону ашхоси саховатманди диёр дар арафаи ин иди муборак корҳои созандагию бунёдкориро вусъат дода, бо бунёду обод кардани роҳу инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар таъмини ҳадафҳои рушди миллӣ саҳмгузор мегарданд.
Мо бояд дар баробари ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, ки дар тӯли асрҳо ба мо мерос боқӣ мондааст, дар тарбияи наслҳои созандаву ободкор заҳмат кашем ва баҳри рушди босуботи дурахшони давлату миллат номбардори шоистаи таъриху тамаддуни башарии худ бошем.
Бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба ҳамаи шумоён табрику таҳният гуфта, ба аҳли ҳар як хонадони кишвар саломатию хушбахтӣ, ризқи фаровон ва ба Ватани азизамон – Тоҷикистон рушди бесобиқаро орзу менамоям.
Иди Рамазон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Дорогие соотечественники!
Уважаемые жители столицы!
Искренне поздравляю весь благородный народ нашей страны и наших соотечественников за рубежом с завершением священного месяца Рамазан и наступлением священного праздника Ид аль-Фитр.
Отрадно, что благодаря государственной независимости Республики Таджикистан и гуманистической, культуросозидательной политике нашего Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона, народ страны вновь приобщился к возрождению благих традиций и обычаев наших предков.
Стало доброй традицией, что жители республики в течение священного месяца Рамазан и в дни благословенного праздника Ид аль-Фитр совершают больше благочестивых дел, таких как посещение родителей, больных и скорбящих, помощь сиротам, инвалидам и нуждающимся семьям, а также участвуют в других благотворительных мероприятиях.
С удовлетворением можно отметить, что с каждым годом наш народ все глубже осознает важность законодательства в области упорядочения традиций, праздников и обрядов, избегая расточительности и излишеств в праздничные дни.
Наш гордый народ, в том числе предприниматели и щедрые меценаты, в преддверии этого благословенного праздника активно участвуют в созидательной деятельности, способствуя достижению национальных целей развития путем строительства и благоустройства дорог, инфраструктуры, жилых домов, производственных предприятий и других жизненно важных объектов.
Мы должны не только беречь священные национальные ценности, унаследованные нами на протяжении веков, но и трудиться над воспитанием созидательного и трудолюбивого поколения, чтобы достойно представлять историю и цивилизацию нашего народа и способствовать устойчивому развитию нашего государства и нации.
Еще раз поздравляю всех вас с наступлением светлого праздника Ид аль-Фитр, желаю каждой семье в нашей стране здоровья, счастья, благополучия, а нашему любимому Таджикистану – небывалого процветания!
С праздником Рамазан, дорогие соотечественники!
Dear compatriots!
Respected residents of the capital!