🇹🇯 ТОҶИКИСТОН, 🇺🇿 ӮЗБЕКИСТОН ВА 🇰🇬 ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ МИЗБОНИИ 🏆 ҶОМИ ОСИЁ-2031 ПЕШНИҲОДИ МУШТАРАК ИРСОЛ МЕКУНАНД
🇹🇯 Тоҷикистон дар баробари 🇺🇿 Ӯзбекистон ва 🇰🇬 Қирғизистон барои қабули мизбонии Ҷоми Осиё-2031 талош хоҳад кард. ✔️
🏆 Федератсияҳои футболи се кишвари Осиёи Марказӣ ба қароре омаданд, ки барои мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дархости муштарак ирсол кунанд. Ҷоми Осиё ҳеҷ гоҳ дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст.
🇹🇯 Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустам Эмомалӣ ҳанӯз дар Конгресси CAFA дар соли 2023 хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро изҳор намуда буд.
🔊 «Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард», – зикр карда буд президенти CAFA Рустам Эмомалӣ.
🌏 Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA дар Душанбе дар соли 2023 аз ташаббуси Рустам Эмомалӣ дар мавриди пешниҳоди дархости муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.
⚽️ ⚽️ ⚽️
🇹🇯 ТАДЖИКИСТАН, 🇺🇿 УЗБЕКИСТАН И 🇰🇬 КЫРГЫЗСТАН ПОДАЮТ СОВМЕСТНУЮ ЗАЯВКУ НА ПРОВЕДЕНИЕ КУБКА АЗИИ-2031
🇹🇯 Таджикистан вместе с 🇺🇿 Узбекистаном и 🇰🇬 Кыргызстаном будет претендовать на право принять Кубок Азии-2031 по футболу. ✔️
🏆 Федерации футбола трех стран Центральной Азии договорились о совместной подаче заявки на проведение азиатского первенства в 2031 году. Кубок Азии еще ни разу не проводился в Центральной Азии.
🇹🇯 О желании подать совместную заявку на проведение Кубка Азии президент Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации Рустам Эмомали заявил еще на Конгрессе CAFA в 2023 году.
🔊 «Наш, Центрально-Азиатский регион, еще ни разу в истории не принимал финальную часть Кубка Азии. Думаю, что это время настало. Наш регион представлен очень сильными сборными и уверен, что совместно с братскими странами мы проведем финальную часть Кубка Азии на самом высоком уровне», – сказал тогда президент CAFA Рустам Эмомали.
🌏 Президент Азиатской футбольной Конфедерации Шейх Салман бин Ибрагим Аль-Халифа в своем выступлении на Конгрессе CAFA в Душанбе в 2023 году поприветствовал инициативу Рустама Эмомали о подаче совместной заявки стран Центральной Азии, чтобы принять финальную часть Кубка Азии у себя и сказал, что этот регион заслуживает принять азиатское первенство среди национальных сборных.
#AFCAsianCup2031 #Tajikistan #Uzbekistan #KyrgyzRepublic